
Агентӣ

- Сешанбе, 28 Феврал 2023
Ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
28-уми феврвли соли ҷорӣ, таҳти раёсати директори Агентӣ - Икром Субҳонзода ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он аъзои ҳайати мушовара ва сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва минтақавӣ ҳамзамон, дар ҷаласаи мазкур, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, намояндагон аз вазорату идораҳо ва ташкилотҳое, ки дар сохторашон муассисаи таълимӣ доштанд, муассисаҳои таълимии зинаи таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ иштирок намуданд.
Муфассал...
- Панҷшанбе, 23 Феврал 2023
Баргузории чорабинии тантанавӣ дар мавзуи “Паём раҳнамои рушди маориф” ва таҷлили иди артиши миллӣ дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар толори Агентӣ чорабини дар мавзӯъи “Паём роҳнамои рушди маориф” ва таҷлили Рӯзи Артиши миллӣ баргузор гардид.
Дар он Субҳонзода Икром-директори Агентӣ, Содиқӣ Насиба Нуруллозода-Раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саидзода Иззатулло Ҳабибулло директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсат, мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи марказии Агентӣ иштирок намуданд.
Муфассал...

- Ҷумъа, 10 Феврал 2023
Нишасти матбуотии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Тибқи Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷамъбасти соли 2022 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти 2005, №АП-1677 дар толори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 феврали соли ҷорӣ нишасти матбуотии Агентӣ бо иштироки роҳбарият, ҳайати мушовара, сардорони раёсату шуъба, бахшҳои Агентӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.
Муфассал...
Дар бораи мо
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126
E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35
Раёсатҳо
- Раёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва иловагӣ
- Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
- Раёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва таълими калонсолон
- Раёсати назорати давлатии илм, инноватсия, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ