
Агентӣ

- Шанбе, 15 Март 2025
Ояндани хушбини Тоҷикистону Қирғизистон
Ояндани хушбини Тоҷикистону Қирғизистон
Офтобо бори дигар хонаро пурнур кун,
Дӯстонро шод гардон, душманонро кур кун.
Имрӯз дар саҳифати таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо роҳбарии сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз як саҳифаи тозае боз шуд, ки ду халқи бо ҳам дӯсту бародар - тоҷику қирғизро ба ҳам пайваст кард.
Дар доираи сафари давлатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишвари дусту бародар ва ҳамсоя Ҷумҳурии Қирғизистон масъалаи марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон, ки ҳудуди 1000 километрро дар бар мегирад ва садсолаҳо боз ин ҷониб ҳалли худро наёфта буд, дубора муайян ва муқаррар карда шуд. Вобаста ба ин, ба шарофати талошҳои муштарак, иродаи сиёсӣ ва кушишҳои ду миллат барои расидан ба ҳусни ҳамҷаворӣ ва некӯҳамсоягӣ байни сарони ду кишвар Шартнома ба имзо расонида шуд. Ҳамчунин, зимни сафари давлатӣ 16 санади ҳамкорӣ ба имзо расонида шуда, 2 гузаргоҳи сарҳадӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон расман ифтитоҳ гардид. Инчунин, ҷониби тарафҳо барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои иқтисодӣ дар доираи 500 млн. долари Штатҳои Мутаҳидаи Америка созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
Сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар доираи талаботи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, дар доираи Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид бо дарназардошти аҳамияти таърихии 30-солагии имзои Аҳднома оид ба муносибатҳои асосии байнидавлатӣ, ба роҳ мондани рушди минбаъдаи ҳамкории ҳамаҷонибаи мутақобилан судманд, бо итминон изҳор доштанд, ки сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон минбаъд сарҳади дӯстии абадии ду кишвар ва ду ҳалқи бародар боқӣ мемонад. Ҳамчунин, сарони давлатҳо изҳор доштанд, ки барои рушди ҳамкорӣ дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, илмию техникӣ, фарҳангию гуманитарӣ, маориф, варзиш, сайёҳӣ, тандурустӣ, тавсеаи ҳамкории дӯстии парлумони ду кишвар, ҳамлу нақли молу маҳсулот, сохтмон ва истифодаи роҳҳои мошингард, таъмини амният, идомаи талошҳои зарурӣ ҷиҳати ҳарчи зудтар ва пурра ба кор андохтани лоиҳаи интиқол ва савдои неруи барқи Осиёи Марказӣ-Осиёи Ҷанубӣ – 1000 (CASA-1000), дар самти мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор тадибирҳои маҷмӯӣ меандешанд.
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров таъкид доштанд, ки аз ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаҳои обу иқлим пайваста ҷонибдорӣ менамояд. Инчунин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ҷиҳати пешбурди масъалаҳои рӯзномаи кӯҳӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ҷонибдорӣ намуданд.
Сарони давлатҳо изҳори боварӣ намуданд, ки татбиқи созишномаҳои дар гуфтушунид дарҷшуда ба таҳкими беш аз пеши ҳамкории дуҷониба ва таҳкими робитаҳои дӯстӣ ба манфиати баланд бардоштани некӯаҳволии ҳалқҳои тоҷику қирғиз, инчунин ба таъмини сулҳу субот дар минтақа мусоидат мекунад.
Тибқи маълумотҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 56 ҳазор нафар мардуми қирғиз зиндагӣ доранд, ки барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани фарзандони онҳо 64 муассисаи таълимӣ бо забони қирғизӣ амал мекунад.
Кушода шудани гузаргоҳҳои сарҳадӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон барои ду миллати ба ҳам дусту бародар марҳилаи нави рушдро замина гузошта, дар оянда ба дастовардҳои бузург ноил гарданд. Мо шаҳрвандон бояд ба қадри неъмати сулҳу дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ расем.
Сардори раёсати назорати давлатии муассисаҳои
таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва иловагӣ А.Садуллозода

Все реакции:
3030
- Душанбе, 24 Феврал 2025
АРТИШИ МИЛЛӢ – ПОЯГУЗОРИ СУЛҲУ СУБОТИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН
АРТИШИ МИЛЛӢ – ПОЯГУЗОРИ СУЛҲУ СУБОТИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН
Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба муносибати 32-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дидбонгоҳи сарҳадии 1-уми Даҳана, Отряди сарҳадии 0341-и Саричашма вокеъ дар Ҷамоати деҳоти Чубеки ноҳияи Мир Сайид Аслии Ҳамадонӣ бо ҳайати афсарону сарбозон дастархони идона ороста, ҳайати афсарону сарбозонро муовини директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқзода Хурсанд Сафар аз номи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм ба муносибати ин санаи тақдирсоз табрику таҳният намуда, аз талошҳои пайваста ва беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ бобати бунёди Артиши миллӣ ёдовари намуда иброз доштанд, ки Артиши Миллии Тоҷикистон ҳамчун яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ дар солҳои аввали Истиқлолият ва дар шароити ниҳоят душвор таъсис ёфт. Дар ин раванд, саҳми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун роҳбари давлат ва Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бениҳоят бузург мебошад. Артиши миллии мо 32 сол пеш, дар шароити вазнини иқтисодӣ ва ҳарбиву сиёсӣ, яъне дар рӯзҳое, ки кишварро ҷангу хунрезӣ, беқонуниву беҳокимиятӣ ва буҳрони шадиди иқтисодӣ фаро гирифта буд ва тамоми сохторҳои давлатӣ фалаҷ гардида буданд, аз сифр таъсис дода шуд:
Биё, эй ҳамватан, то ҷонфидои ин Ватан бошем,
Ба ҷон омодаи амру нидои ин Ватан бошем.
Канораш гарму роҳатбахш чун домони модарҳост,
Ҳама фарзандҳои бовафои ин Ватан бошем.





- Душанбе, 24 Феврал 2025
СУРАТГУЗОРИШАЗ РАФТИ БАРГУЗОРИИ ШАНБЕГӢ
СУРАТГУЗОРИШАЗ РАФТИ БАРГУЗОРИИ ШАНБЕГӢ
22 феврали соли 2025 Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои тозагию озодагии маҳали зист, идораву иншоотҳои корӣ дар сохтумони бинои Агентӣ бо ҷалби роҳбарият ва кормандон шанбегӣ баргӯзор намуд.



