Ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентӣ дар моҳи сентябри соли 2022
Амали ҷангии тарҳрезишудаи Ҷумҳурии Қирғизистон
Дар робита ба ин ман амали ғаризона ва душманонаи қирғизро, ки рузри 16.09.2022 ба хоки ватани азизамон ҳамлаи ҷангии анҷом доданд ва хуни чандин кӯдаку модар, падару бародарр рехтанд, амали терористи хонда, ин амали хоинони миллатро махкум менамоям.
Ҳар як амали пешгирифтаи ҷангҷуена ба муносибати ояндаи ду миллат таъсири манфи расонида, муносибатҳои дипломатиро хароб сохта, қонунҳо ва шартномаҳои байналмилалиро вайро месозад.
Табрикоти директори Агентӣ
Таҷлили 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентӣ
Шанбегии дастаҷамъона баҳри ободониву созандагӣ
Хониши идоравии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - омӯзиши китоби "тоҷикон"
Ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентӣ
Ҷаласаи Ҳайати мушовараи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати директори Агентӣ - Субҳонзода Икром Субҳон баргузор гардид, ки дар он аъзои ҳайати мушовара ва сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва минтақавӣ иштирок доштанд.
Қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ
Тибқи ҷадвали қабули шаҳрвандон рӯзи 15.04.2022 дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарият, қабули шаҳрвандон ҷиҳати баррасии дархосту саволҳояшон баргузор гардид.
Саҳмгузорӣ дар тозаву озодагардонӣ
Дар асоси дастуру супоришҳо ва роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бахшида ба идҳои бузурги давлатӣ Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ аз ҷумла имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои боз ҳам ободу зебо, сабзу хурамгардонии шаҳри Душанбе шанбегии дастаҷамъона баргузор карда шуд.
Мушовараи Агентӣ «Оид ба ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи аввали соли 2022»
11 апрели соли 2022 дар маҷлисгоҳи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати васеи кормандон, аъзои мушовараи Агентӣ, намояндагони вазорату идораҳо ва муассисаҳои таълимӣ ҷаласаи мушовара «Оид ба ҷамъбасти фаъолияти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семоҳаи аввали соли 2022» доир гардид, ки дар он тамоми паҳлуҳои фаъолияти Агентӣ дар семоҳаи аввали соли 2022 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Муфассал...
Натиҷаи рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021
Рӯзи 30.03.2022 дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаи рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар соли 2021 бо иштироки намояндагони муассисаҳои таълимӣ ҷамъбаст гардид, ки натиҷааш чунин аст:
Таҷлили ҷашни Наврӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи 19-уми марти соли 2022 дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии бо иштироки роҳбарият, кормандони Агентӣ ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз бо шукӯҳ таҷлил гардид. Суратгузориш аз рафти чорабиниҳои Наврӯзӣ.
Ташрифи кормандон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Баргузории вохӯрии судманд бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
17 феврали соли 2022 дар маҷлисгоҳи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи тасдиқгардида бо иштироки доираи васеи кормандон дар самти муқовимат ба коррупсия вохӯрӣ доир гардид, ки дар он намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, қайд кард, ки оид ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 «Дар бораи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» диққати махсус дода мешавад ва аз ҷониби кормандони мақомоти дахлдор дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад. Баҳри таъмини иҷрои бандҳои 1, 2, 11, 23, 24, 36, 40, 41, 44, 48 ва 60-и Стратегияи мазкур аз тарафи Сарраёсат чораҳои зарурӣ андешида шуда, барои амалӣ намудани он мутасаддиён ба мақомоту кумитаю вазорату идораҳо тибқи нақша сафарбар карда мешаванд.
Дар бораи мо
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126
E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35
Раёсатҳо
- Раёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва иловагӣ
- Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
- Раёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва таълими калонсолон
- Раёсати назорати давлатии илм, инноватсия, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ