wrapper

Items filtered by date: Шанбе, 11 Декабр 4934

Душанбе, 19 Сентябр 2022 04:01

Аҳдшиканӣ амали ноҷавонмардист!

  Тавре аз сарчашмаҳои хабарӣ рӯзҳои охир маълум шуд, ҳамсоякишвари бадсиришти мо аҳдшиканона бе хабари ҷанг ба маҳали аҳолинишини ғайринизомӣ бо яроқу аслиҳаи вазнини ҷангӣ ҳамла кард, ки дар натиҷа ба кишвари мо зарари молию ҷонӣ расонид.
Дар ҳақиқат миллати тоҷик аз қадим миллатӣ фарҳангӣ ва сулҳпарвар буд, аммо барои ҳимояи марзу буми хеш родмардонаш ҷони худро дареғ намедоранд. Қирғизи бадҷаҳл бояд донад, ки бо ин амали ноҷавонмардонааш дар назди миллати тоҷик гунаҳгор мебошад.

   Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйдоди воқеан таърихӣ мебошад, зеро маҳз дар ҳамин иҷлосия тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардид.
Эмомалӣ Раҳмон
  Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки 30 сол муқаддам дар Қасри Арбоби Хуҷанди бостонӣ баргузор гардида буд, рӯйдоди бузурги таърихие мебошад, ки дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон ва таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол марҳилаи сифатан навро бунёд гузошта, хатари ҳамчун давлати мустақил барҳам хӯрдани Тоҷикистон ва ҳамчун миллат аз байн рафтани тоҷикони куҳанбунёдро пешгирӣ кард. Ба ёд овардани ин санаи муҳими таърихӣ, ки воқеан оғози аз вартаи ҳалокатбори ҷанги шаҳрвандӣ раҳо ёфтан ва тадриҷан ба остонаи сулҳу ваҳдат, ризоияти миллӣ ва созандагию бунёдкорӣ расидани миллати мо гардид, қарзи инсонии ҳар фарди солимфикри ҷомеа мебошад, зеро маҳз дар ҳамин иҷлосия тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардид ва ба сӯи ҳадафҳои бузурги умумимиллӣ – сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ қадамҳои нахустин гузошта шуд. Ин иди эҳёи давлатдории тоҷикон, тантанаи ваҳдати миллӣ ва таҷассумгари орзуву ормонҳои бисёрасраи халқи тоҷик аст.
Панҷшанбе, 08 Сентябр 2022 16:38

Табрикоти директори Агентӣ

Табрикоти директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Субҳонзода Икром Субҳон бахшида ба ҷашни 31 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
   Ҳамватанони азиз!
  Бо камоли эҳтиром ва самимияти хоса бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик 31-умин солгарди соҳибистиқлолии Тоҷикистонро ба халқи ватандӯсти кишвар муборакбод мегӯем. Истиқлолияти давлатӣ волотарин дастовард, ва падидаи сиёсӣ ба шумор рафта, маҳз бо ташаббус ва ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мардуми тоҷик пас аз ҳазор сол аз нав соҳиби давлати мустақил, ягона, демократӣ, ҳуқуқбунёд гардида, ормонҳои миллии халқи тоҷик амалӣ ва манфиатҳои миллӣ ҳифз гардиданд.
  Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сазавор пешвоз гирифтани ҷашни 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Субҳонзода Икром – директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Содиқӣ Насиба – раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хонзода Абдураҳмон – роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Мирзозода Иброҳим - раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, кормандони дастгоҳи марказӣ ва минтақавии Агентӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Page 37 of 53

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35  

Copyright © 2026 Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. All Rights Reserved. Designed by IBlove