Items filtered by date: Душанбе, 12 Декабр 6095
Таҷлили Рӯзи Парчам миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентӣ
Дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сазавор ҷашн гирифтани Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Субҳонзода Икром – директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки Мирзозода Иброҳим- раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Хониши идоравӣ дар Агентӣ
Дар бинои Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Нақшаи баргузории хонишҳои идоравӣ бо иштироки Сафарзода Ҳаёт Сайдамир-полковники милитсия, профессори кафедраи “Пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятӣ”-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Усулҳои муқовимат ба тероризм ва эктримизм”хониши идоравӣ баргузор гардид.
Истиқболи 30 солагии иҷлосияи 16-Шӯрои Олӣ ва рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сазавор таҷлил намудани ҷашни 30 солагии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Мансури Дилрабо Саидулло-Муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мусоева Рафиқа Ғаниевна-иштирокчии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Неъматзода Маликшо-Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, роҳбарони Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ, Нашрияи «Омӯзгор», Маҷаллаи «Маорифи Тоҷикистон», Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионӣ» ва кормандони дастгоҳи марказӣ ва минтақавии Агентӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Зодрӯзи Бонуи зебо, нексиришт, сиёсатмадор, хоксору соҳибмактаб мубораку хуҷаста бод!
Ба руят осмон дар ханда бошад,
Ҷамолатро ҳама гул банда бошад.
Ба ин айёми некӯ зодрӯзат,
Ҷаҳон дар пеши ту афканда бошад.
Тоҷикӣ
Русский
English
