wrapper

Items filtered by date: Якшанбе, 14 Декабр 2803

  Ҷаласаи Ҳайати мушовараи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати директори Агентӣ - Субҳонзода Икром Субҳон баргузор гардид, ки дар он аъзои ҳайати мушовара ва сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва минтақавӣ иштирок доштанд.
  Ахдшикани низоъ ва игвои навбатии киргизхо ки 16.09.2022 бо маслихати пешаки ва тайёрии мусаллахонаи чанги, гайриконуни гузаштан аз сархади давлати ва ба мукобили ахолии осоиштаи сокинони шахри Исфара ба амал омад, талафоти зиёди чони ва хисороти молиро ба миён овард, ки боиси андухи амики точикзабонони тамоми дунё гардид.

   Дар робита ба ин ман амали ғаризона ва душманонаи  қирғизро, ки рузри 16.09.2022 ба хоки ватани азизамон ҳамлаи ҷангии анҷом доданд ва хуни чандин кӯдаку модар, падару бародарр рехтанд, амали терористи хонда, ин амали хоинони миллатро махкум менамоям.

   Ҳар як амали пешгирифтаи ҷангҷуена ба муносибати ояндаи ду миллат таъсири манфи расонида, муносибатҳои дипломатиро хароб сохта, қонунҳо ва шартномаҳои байналмилалиро вайро месозад.

  Аз бемасъулиятиву беаҳамиятӣ ва бепарвогиву бефарҳангии мардуми ҳамсояҷумҳурамон Қирғизистон аст, ки тайи чанд рӯзи охир, як гӯшаи кишвари моро ин афроди ҷангҷу ба маҳҳали ҷанг кашидаву фазои орому осоиштаи ватани маҳбуби моро ноором сохтаанд. Дар ин ҷанги хонумонсуз беҳтарин фарзандони миллат ва занону кӯдакони бегуноҳи сарзамини мо туъмаи тири аду гаштаву ба шаҳодат расидаанд, ки албатта ин беҷавоб нахоҳад монд, куштори кӯдакону табибон ва мардуми осоишта дар ҳеч давру замон ба лашкаркаше обрў наовардааст. Ин ҷиноятест, ки ҳам дин ва ҳам меъёрҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ҳуқуқи байналмилалии башар маҳкум мекунад ва гумроҳони мардуми қирғиз инро набояд фаромӯш кунанд, ки носипосӣ ба нону намак онҳоро кӯр хоҳад кард ва хуни шаҳидони гулгункафан ба гардони ин фитнагарону оташандозони ҷанг аст, ки оқибат худ ба гирдоби бало фуру хоҳанд рафт.
Page 36 of 53

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35  

Copyright © 2026 Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. All Rights Reserved. Designed by IBlove