wrapper

Items filtered by date: Чоршанбе, 14 Декабр 5510

  Дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри созандагию ободонӣ ва барои боз ҳам ободу зебо, сабзу хуррамгардонии шаҳри Душанбе, бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шанбегии дастаҷамъона доир гардид.
Ҷумъа, 02 Сентябр 2022 18:21

Ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентӣ

  Ҷаласаи Ҳайати мушовараи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати директори Агентӣ - Субҳонзода Икром Субҳон баргузор гардид, ки дар он аъзои ҳайати мушовара ва сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва минтақавӣ иштирок доштанд.

  Хониши идоравӣ ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани таҳлил ва омӯзиши китоби "Тоҷикон"-и Бобоҷон Ғафуров байни кормандони Агентӣ доир гардид, ки дар он аз ҷониби масъулин гуфта шуд, “Тоҷикон” яке аз асарҳои зинданигоҳдорандаи таъриху тамаддун ва фарҳанги пурғановати мо ориёиҳои машриқзамин мебошад. Бобоҷон Ғафуров бо ин шоҳасари худ барои давлату миллати тоҷик хизматҳои шоён намуда, манфиатҳои милливу фарҳангӣ, урфу одат ва анъанаҳои ниёгонро ҳифз кардааст.
  Мусаллам аст, ки аз рӯзи ба Истиқлоли давлатӣ расидани кишвар давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон соҳаи маорифи миллиро ҳамчун яке аз бахшҳои муҳиму афзалиятноки иҷтимоӣ дониста, баҳри рушду пешрафти суръатноки он пайваста тадбирҳои заруриро ба иҷро расонид. Ин неъмати бабаҳои миллӣ ба сокинону диёрамон қувваю неруи афзоянда бахшида, барои пешрафти ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ фазои мусоиду созгор фароҳам овара, имрӯз бо итминони ифтихорӣ метавонем афзуд, ки Тоҷикистон дар кўтоҳтарин муддат ба дастовардҳои хеле назаррас ноил гардидааст.
Page 39 of 53

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35  

Copyright © 2026 Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. All Rights Reserved. Designed by IBlove