wrapper

Items filtered by date: Панҷшанбе, 14 Декабр 5511

  4-уми ноябри соли 2022 дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сазавор пешвоз гирифтани таҳлили ҷашни 28-умин солгарди Консутитутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Субҳонзода Икром – директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки Мирзозода Иброҳим- раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Саидзода Изатулло-директори Маркази қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони дастгоҳи марказӣ ва минтақавии Агентӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

   Аз ҷониби роҳбарияти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як чанд муассисаҳои таълимии миёнаи умумии ноҳияи Рашт 4 адад компютерҳои замонавӣ, 16 адад банерҳои таълимии замонавӣ, 4 адад тахтаҳои синфии замонавӣ ва васоити таълимӣ тақдим карда шуд.

  Ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати директори Агентӣ - Субҳонзода Икром баргузор гардид, ки дар он аъзои мушовара ва сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва минтақавӣ иштирок доштанд.

   Аз ҷониби роҳбарияти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2021, № АП-52 оид ба таъйини сарпарастон ба Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Деваштич» 10 адад компютер, 50 адад миз, 100 адад курсӣ ва 54 номгўйи адабиёти таълимӣ (китоб) бо теъдоди 549 нусха тақдим карда шуд.

Page 34 of 53

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35  

Copyright © 2026 Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. All Rights Reserved. Designed by IBlove