wrapper

Items filtered by date: Панҷшанбе, 14 Декабр 5511

 

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – РАҲНАМО ДАР РӮЗИ ДОНИШ ВА ОҒОЗИ СОЛИ ТАҲСИЛИ 2025–2026

 

Ҳамасола 1-уми сентябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад. Ин сана на танҳо оғози дарсҳо, балки рӯзи арҷгузорӣ ба илму дониш, мактабу устод ва таълиму тарбия ба шумор меравад.

Соли 2025 низ, дар ин рӯз Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як суханронии пурмуҳтаво ба аҳли маориф, омӯзгорон, хонандагону донишҷӯён ва падару модарон муроҷиат намуданд. Паёми эшон чун ҳамеша ҳидоятгар, рӯҳбаландкунанда ва меҳварии сиёсати илму маорифи кишвар буд.

Арзиши дониш ва нақши мактаб

Пешвои миллат дар паёми худ таъкид намуданд, ки дар шароити ҷаҳони муосир, ки илм ва технология босуръат рушд меёбанд, давлат ва ҷомеа танҳо дар ҳолате метавонанд рақобатпазир бошанд, ки ба таҳсил ва таълиму тарбияи насли наврас аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон илму маърифатро «Нури ҳаёт» ва омӯзгорро «Меъмори маънавии миллат» номида, таъкид карданд, ки ҳар фарди бонангу номуси тоҷик бояд таҳсилро вазифаи муқаддаси худ донад.

Пешбурди ислоҳоти соҳаи маориф

Дар паём зикр гардид, ки Ҳукумати кишвар дар солҳои охир садҳо муассисаҳои таълимии нав бунёд карда, ҳазорҳо синфхонаҳоро бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин намудааст. Соли таҳсили 2025–2026 бо зиёда аз 100 мактаб ва марказҳои таълимии нав оғоз ёфт.

Пешвои миллат аз масъулин даъват ба амал оварданд, ки сифати таълимро беҳтар намоянд, омӯзгоронро бо курсҳои такмили ихтисос фаро гиранд ва муҳити омӯзиширо ҳар чи бештар замонавӣ гардонанд.

Роҳи рушд – дониш ва худшиносӣ

Дар суханронии хеш Сарвари давлат таъкид намуданд, ки насли ҷавон бояд аз таъриху фарҳанг, забони модарӣ ва арзишҳои миллӣ бохабар бошад. Муҳимтарин роҳи худшиносии миллӣ — омӯзиши илму фарҳанг ва забони модарист.

Инчунин, Пешвои миллат ба хатари таъсири беруна ба зеҳни ҷавонон ишора намуда, масъулият ва бедории фикрии наврасонро муҳим шумориданд. Онҳо таъкид карданд, ки ҷавонон бояд ватандӯст, донишманд, хушахлоқ ва масъули ҷамъият бошанд. Бонусная политика казино Лев направлена на стимулирование активности игроков и увеличение времени сессий. Новые пользователи могут рассчитывать на стартовые предложения, а постоянные — на регулярные акции и персональные бонусы. Важной особенностью является прозрачное описание условий, что снижает количество спорных ситуаций. Многие отмечают, что Лев казино использует бонусы как инструмент удержания, делая акцент не только на размере поощрений, но и на их практической ценности.

Хулоса Паёми Пешвои миллат бахшида ба Рӯзи дониш дар соли 2025 боз як бори дигар зарурати рушди илму маориф, баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва баланд гардидани сатҳи донишандӯзии насли навро дар мадди аввал гузошт. Ин паём роҳнамоест барои ҳар омӯзгор, роҳбари муассисаи таълимӣ, хонанда ва волидайн, то бо масъулияти баланд дар рушди ҷомеаи муосир саҳмгузор бошанд.

*Рӯзи дониш муборак.

Сардори шуъбаи Агентии назорат дар

соҳаи маориф ва илм дар минтақаи

Зарафшони вилояти Суғд

Хуҷамиров Шаҳобуддин

РӮЗИ ДОНИШ ОҒОЗИ РОҲИ НУРИ МАЪРИФАТ

30 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади иштирок дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ташриф овард.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази рушди малакаҳо, касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва хобгоҳу ошхонаи донишҷӯёни донишгоҳро мавриди истифода қарор доданд.

Иттилоъ дод шуд, ки бинои 8-ошёнаи таълимии маркази рушди малакаҳо дорои 92 синфхона ва 24 ҳуҷраи корӣ мебошад, ки метавонад дар як вақт то 3200 донишҷӯро ба таълиму тарбия фаро бигирад.

Сарвари давлат қайд карданд, ки дар шароити имрӯзаи ҷаҳони муосир фароҳам овардани имконияти зарурӣ барои илму донишомӯзшии ҷавонон муҳимтарин василаи омода кардани кадрҳои баландихтисоси хештаншинос ба ҳисоб меравад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи бинову иншооти нав дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ҷамъомад ба муносибати рӯзи дониш бо аҳли маорифи кишвар мулоқот ва суханронӣ намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрии имрӯзаро фурсати хубе барои таҳлилу баррасии вазъи соҳаи ҳаётан муҳим – маориф арзёбӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки бо шарофати истиқлолу озодӣ, сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони азизи мо барои илму донишомӯзии насли наврас ва ҷавонон тамоми шароиту имкониятҳои зарурӣ муҳайё карда шудааст.

Ба таъкиди Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми пешрафту дастовардҳои кишвар, аз ҷумла дар соҳаи маориф, ҳаёти шоиставу осоиштаи мардум, пеш аз ҳама, ба пойдории сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ вобаста мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳро сари баланду қомати болои мардум, бахту саодати ҳар як хонадон ва асоси пешрафти давлату миллат, аз ҷумла рушди соҳаи маориф арзёбӣ намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди ташаббуси навбатии Тоҷикистон доир ба “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда”-ро идомаи мантиқии талошҳои сулҳхоҳонаи кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ номиданд.

Дар робита ба раванди ислоҳоти соҳаи маориф таъкид гардид, ки дар 34 соли соҳибистиқлолӣ ба ин соҳа аз ҳисоби буҷети давлатӣ 67,4 миллиард сомонӣ ва аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 6,2 миллиард сомонӣ, яъне дар маҷмуъ, 73,6 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ гардидааст. Имрӯз дар соҳаи маориф 11 лоиҳа ба маблағи 4 миллиарду 300 миллион сомонӣ татбиқ шуда истодааст.

Таъкид гардид, ки тайи даврони соҳибистиқлолӣ музди меҳнати кормандони соҳа давра ба давра беш аз 20 баробар зиёд карда шуд.

Роҳбари давлат аз ҳамкории соҳибкорони бонангу номус ва шахсони саховатпеша бо Ҳукумати кишвар дар ин самт ёдовар шуданд. Хотирнишон гардид, ки тайи даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби соҳибкорони ватандӯсти кишвар ва шахсони саховатпеша ба маблағи 1 миллиарду 700 миллион сомонӣ 1435 муассисаи соҳаи маориф бо 231 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати кишвар вазъи муассисаҳои таҳсилоти ибтидои ва миёнаи касбиро мавриди таҳлил қарор дода диққати иштироккунандагонро бо ин зинаҳои таҳсилот ҷалб намуданд.

Барои рушди таҳсилоти ибтидои ва миенаи касбӣ, ки яке аз зинаҳои муҳимми соҳаи маориф маҳсуб меёбад, сарвари давлат таҳия ва қабули Барномаи давлатии рушди муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро барои солҳои 2026-2030 иқдоми зарури арзёбӣ намуданд.

Роҳбари давлат иброз доштанд, ки ҳоло дар ҷуҳури 86 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ аз руйи 250 ихтисос мутахасис омода мекунанд.

Сарвари давлат таъмин намудани муассисаҳои таълимиро бо кадрҳои омӯзгорӣ яке аз масъалаҳои асосӣ дар соҳаи маориф номида, сохторҳои марбутаро вазифадор намуданд, ки дар муддати як сол масъалаи норасоии кадрҳои омӯзгориро пурра бартараф намоянд.

Ҳамзамон, Сарвари давлат масъалаҳои вобаста ба зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, оид ба ҳарчӣ бештар ба касбомӯзӣ фаро гирифтани шаҳрвандон, таҳия ва чопи китобҳои тахассусиро таҳлилу баррасӣ намуда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳо доданд.

Дар идомаи суханронӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини соҳаи маориф супориш доданд, ки барои омода кардани омӯзгорони соҳаи табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, ки яке аз масъалаҳои муҳим дар низоми маорифи кишвар маҳсуб меёбад, чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи мақому манзалати омӯзгор андешаронӣ намуда, таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор”-ро нишонаи олии эҳтирому қадршиносии омӯзгор аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номиданд. Узнайте больше о психологии отношений и близости

 

Дар фароварди сухан Роҳбари давлат иброз доштанд, ки қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии мову шумост, ки ба хотири пешрафту ободии диёри баҳиштосои худ, хусусан, дар доираи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллиамон — 35-солагии истиқлоли давлатӣ пайваста заҳмат кашем ва обрӯи Тоҷикистони маҳбубамонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардорем.

 

Сафарзода Сафармад Саид – сардори раёсати

назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ,

миёнаи касбӣ ва таълими каонсолони Агентии назорат дар

соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ТОЗАЮ ОЗОА НИГОҲ ДОШТАНИ ҲАР ЯК ГӮШАИ ВАТАН ҚАРЗИ ШАҲРВАНДИИ МОСТ!

Дар партави дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Роҳбари Дасгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм рӯзи 9 августи соли 2025 бо иштироки роҳбарият кормандони Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар дохил ва саҳни сохтмони бинои маъмурии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм корҳои ободонию тозагӣ гузаронида шуд. Поиск надежного ресурса для игры часто сводится к качеству работы службы поддержки в реальном времени. Современные геймеры предпочитают платформы, которые не заставляют ждать одобрения заявок часами. Проверенное Джеттон казино предоставляет доступ к лицензионному софту от лучших мировых студий с гарантированно честным процентом отдачи. Интеграция с криптовалютными кошельками позволяет совершать пополнение и вывод средств практически мгновенно. Благодаря удобному интерфейсу и отсутствию лишних барьеров, каждый гость может полностью сосредоточиться на азартном процессе и получении ярких эмоций.

 

БАРГУЗОРИИ ВОХӮРИИ РОҲБАРИЯТИ АГЕНТИИ НАЗОРАТ ДАР СОҲАИ МАОРИФ ВА ИЛМИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ СУҒД

 

         Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тибби шаҳри Хуҷанд» ба номи Ю.Б. Исҳоқӣ бо мақсади иҷрои банди 6 нусха аз Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми феврали соли 2025, №2 вохӯрии роҳбарияти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони соҳаи маорифи вилояти Суғд бо иштироки директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Муҳаммадтоҳир Саид, муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, сардори раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд Оқилзода Акмал Аҳмад, сардори шуъбаи Агентӣ дар минтақаи Зарафшон Хуҷамиров Шаҳобиддин, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят сарпарастони соҳа, кормандони Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати он дар вилояти Суғд, сардори раёсати маорифи вилоят, сардорону мудирони шуъбаҳои маориф шаҳру ноҳияҳои вилоят ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии вилоят баргузор гардид.

          Ҷаласаро директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Муҳаммадтоҳир Саид ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо мақсади вохурӣ шинос намуда, дар якҷоягӣ рузномаи вохӯриро тасдиқ намуданд. Зимни сухаронии худ директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм – Саидзода Муҳаммадтоҳир қайд намуд, ки имрӯз низоми таҳсилот ба яке аз тарзҳои истеҳсолоти сармояи инсонӣ табдил ёфтааст, ки ҷузъи муҳими таркибии он иқтидори зеҳнии ҷомеа маҳсуб меёбад. Дар даврони муосир нақши омили инсонӣ сол то сол муҳим арзёбӣ гардида, на танҳо ба рушди иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ мусоидат мекунад, балки дар марҳилаи нави рушди башарият ҳамчун қувваи асосии пешбаранда муайян карда шудааст, ки рушди иҷтимоиро таъмин менамояд. Низоми таҳсилот – ояндаи насли инсон мебошад. Низоми таҳсилот – омили муҳими муносибати самимона ва инсонгароӣ дар ҷомеа ба шумор рафта, ҳаракати тамаддунро ба самти озодии комили инсон равона месозад. Дониш неруи асосии одамони босавод, бомаърифат маҳсуб ёфта, ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеаро амалӣ ва суръати рушди онро дар тамоми самтҳо таъмин менамояд. Пешрафти соҳаҳои ҳаёти ҷомеа аз сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф вобастагии зич дорад. Бесабаб дар Тоҷикистон рушди соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар нашудааст. Зеро таҳкурсӣ ва пояи рушди соҳаи иқтисодиёту сиёсат ва иҷтимоиёту фарҳанг аз омода кардани кадрҳои баландихтисос вобаста мебошад. Қайд намуданд, ки илму маориф дар сиёсати хирадмандона ва илмпарваронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ба соҳаҳои илму маориф эътибори аввалиндараҷа дода шудааст. Зеро Президенти кишвар таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар ва пайвастани илм бо истеҳсолотро ба унвони роҳи асосии раҳоӣ аз бунбаст ва расидан ба ҳадафҳои бузурги оянда муаррифӣ намудаанд. Иброз доштанд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, бахусус Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар пайравӣ ба сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода, баҳри рушди соҳа ва ҳамқадами замона гардонидани он тамоми тадбирҳоро амалӣ намудаистодааст.

          Дар идома, Оқилзода Акмал сардори раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд ва Хуҷамиров Шаҳобиддин сардори шуъбаи Агентӣ дар минтақаи Зарафшон оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаи маорифи вилояти Суғд, ҳолати кунунии рушди соҳа, дурнамои он, кабудиҳои ҷойдошта, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва омилҳои таъсиррасони он, сифат ва самаранокии фаъолияти таълимиву тарбиявии муассисаҳои таълимии вилояти Суғдро дар давраи сипаригардидаи соли 2025 баромад намуданд. Баъдан муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ба сухан баромада аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои ташкили вохӯрӣ ва пиёда кардани сиёсати давлату Ҳукумат дар соҳаи маъориф ба роҳбарияти Агентӣ изҳори сипос намуданд. Ҳамчунин сардори раёсати маорифи вилоят Мирзозода Гулсара низ баромад намуд.

           Дар ҷамъбаст, директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Муҳаммадтоҳир Саид ҳамаи иштирокчиёни вохӯриро бо фаро расидани оғози соли таҳсил ва ҷашни муқадасси миллӣ Истиқлоли давлатии Тоҷикистон самимона шодбош намуда, бо итминон иброз дошт, ки аҳли маориф ва ҷомеаи кишвар махсусан маорифи вилояти Суғд бо дастгирӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи сифати таълиму тарбия диққати ҷиддӣ дода, барои баланд бардоштани маърифатнокию ҷаҳонбинӣ, худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва масъулияти шаҳрвандии хеш саҳми арзанда мегузоранд.

 

Page 9 of 53

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35