Items filtered by date: Декабр 2024
Баррасии стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия
Ҷиҳати амалисозии «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025) барои давраи семоҳаи аввали соли 2023 дар маҷлисгоҳи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, сардорони раёсат, мудирони бахши дастгоҳи марказӣ ва минтақавии Агентӣ ва намоядаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон-полконики адлия, Назриён Васлибек вохӯрии судман баргузор гардид.
Таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар саҳни бинои Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Дар чорабинии Наврӯзи байналмилалии намояндагони сохторҳои Вазорати маориф ва илм, муовини раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, сардорони раёсату шуъбаҳо ва бахшҳои дасгоҳи марказӣ ва минтақавии Агентӣ иштирок доштанд.
Таҷлили рӯзи модар дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
7-уми марти соли ҷорӣ дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи модар чорабинии идона баргузор гардид.
Сараввал Икром Субҳонзода-директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм иштирокдоронро ба муносибати ҷашни зебои баҳор ва Рӯзи модар муборакбод намуда, ҳамзамон, изҳор дошт, ки Модар-рамзи меҳру муҳаббати инсонӣ, зебоӣ, меҳру сафою вафо, идомабахши насли инсон, тарбиятгари насли ояндасози ҷомеа буда, дар қалб ва вуҷуди фарзандон меҳру муҳаббати ватандорию ватандӯстӣ, одобу маънавиёти инсонӣ, эҳсоси беназири худогоҳию худшиносӣ, ҳисси дӯстории ин Ватани биҳиштонсо, арҷ гузоштан ба арзишҳои неки инсониро парвариш менамояд.
Ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
28-уми феврвли соли ҷорӣ, таҳти раёсати директори Агентӣ - Икром Субҳонзода ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он аъзои ҳайати мушовара ва сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва минтақавӣ ҳамзамон, дар ҷаласаи мазкур, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, намояндагон аз вазорату идораҳо ва ташкилотҳое, ки дар сохторашон муассисаи таълимӣ доштанд, муассисаҳои таълимии зинаи таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ иштирок намуданд.
Тоҷикӣ
Русский
English
