wrapper

Агентӣ

Агентӣ

Омӯзиш ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Омӯзиш ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 декабри соли 2024 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

30-уми январи соли 2025 дар толори Муассисаи таълимии хусусии Ҳоризон дар шаҳри Душанбе вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардиданд, дар мавзуи «Омӯзиш ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024» «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҷаласаи васеи кормандони Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷаласа директори Агентӣ, муовинони директори Агентӣ, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва минтақавии Агентӣ ва командони Агентӣ иштирок намуданд.

Ҷаласаро директори Агентӣ Саидзода Муҳаммадтоир Саид ифтитоҳ намуда, оид ба омӯзиш ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханрони намуданд.

Бояд таъкид намуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати стратегиест, ки иҷрои он омили пешравии босуръати иқтисодию иҷтимоии мамлакат мебошад.

Паём барои солҳои оянда муайян шуда, дар он роҷеъ ба пешбурди сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисодӣ, саноат, энергетика, нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқи тартибот, маориф ва илм, фарҳанг, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас гузошта шудаанд.

Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки чорабинии имрӯзаро таҳти унвони «Омӯзиш ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», вобаста ба ташкили гурӯҳҳои тарғиботӣ дар бораи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намояд.

Зимнан иброз доштанд, ки ҳоло кишвари мо дар марҳалаи нави тараққиёти худ қарор дошта, бо амалӣ намудани стратегияву барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст.

Барои иҷрои нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва сокинони бонангу номуси кишвар дар се соли охир беш аз 20 миллиард сомонӣ хароҷот карда шуд.

Дар доираи нақшаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се соли охир дар мамлакат беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф, яъне муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ѓайра бунёд ва ба истифода дода шуданд.

Хотирнишон менамоям, ки дар панҷ соли охир маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ чор маротиба (солҳои 2020, 2022, 2023, 2024) ва дар маҷмуъ, ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шуд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши масъалаи ташаккул додани маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ ҳамчун яке аз омилҳои асосии татбиқи самараноки сиёсати андозу буҷет, аз ҷумла дар масъалаи гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ барои ноил гардидан ба устувории молиявии давлат ва рушди иқтисодӣ муҳим арзёбӣ гардид.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст ва таъкид намуданд, ки дар панҷсолаи минбаъда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ бояд диққати аввалиндараҷа дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш доданд, ки аз 1-уми сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз зиёд карда шуда, маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳад.

Дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо дарназардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин намоянд.

Вобаста ба ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, дар зинаи таҳсилоти олӣ масъалаҳои сатҳу сифати таълим, дараҷаи касбии омӯзгорон ва истифодаи технологияҳои муосир аз ҷониби онҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, таҳкими заминаи моддиву техникӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули илмии омӯзгорону донишҷӯён, корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва тадбирҳои тарбиявӣ ҳанӯз ба тақвият ниёз доранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба пайванди ногусастанӣ доштани рушди маориф бо пешрафти соҳаи илм ибрози андеша намуда, таъкид намуданд, ки Мо соли 2024-ум бо аҳли илм ва маорифи кишвар ду маротиба мулоқот карда, мушкилот ва дурнамои соҳаро ҳаматарафа таҳлилу баррасӣ намудем ва барои ислоҳи вазъ дастуру супоришҳои қатъӣ додем. Ҳоло амалисозии онҳо тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда бомаром идома дорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити рушди босуботи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва вусъат ёфтани ҳамгироии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ вобаста ба рӯз ба рӯз зиёд гаштани талабот ба мутахассисоне, ки сатҳи касбияти баланд дошта, забонҳои хориҷӣ, махсусан, русӣ ва англисиро хуб медонанд, таъкид намуда, ба роҳ мондани омӯзиши забонҳои хориҷиро аз зинаи таҳсилоти томактабӣ зарур арзёбӣ намуданд.

Дар баробари ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад.

Яъне то вақте, ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳанд монд.

Дар баробари ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотирнишон сохтанд, ки иҷрои вазифаҳои гузошташуда ва бартараф намудани камбудиву мушкилоти мавҷуда аз тамоми халқи Тоҷикистон ва дар навбати аввал, аъзои Ҳукумат, вакилони мардумӣ, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, хизматчиёни давлатӣ, аҳли зиё ва фаъолони ҷомеа заҳмату талоши боз ҳам бештарро тақозо мекунад.

Мо вазифадорем, ки ба хотири пешрафти давлати соҳибистиқлоламон, ободии Ватани аҷдодиамон ва мунтазам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии ҳар як хонадони мардуми шарафманди Тоҷикистон ҳар рӯз ва ҳамеша саъю талош намоем.

Муфассал...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 28 декабр соли 2024, Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар» ироа гардид. Кормандони раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар вилояти Хатлон, дар якҷоягӣ бо кормандони дигар ташкилоту муассисаҳо дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар Паёмро тамошо карданд. Бояд қайд кард, ки Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарогири тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа буда, барои рушди минбаъдаи соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маориф, фарҳанг, варзиш ва умуман ноил гардидан ба зиндагии шоистаи мардуми шарафманди Тоҷикистон ҳуҷҷати роҳнамои комил мебошад. Хело хурсандибахш аст, ки чун солҳои қаблӣ, имсол низ барои беҳтар намудани шароити мардум аз ҷониби Пешвои миллат эълон гардид, ки музди маоши кормандони бахши буҷавӣ, стипендия ва нафақапулӣ зиёд карда мешаванд. Бо ин мақсад аз 1 сентябри соли 2025 музди маоши кормандони муассисаҳои таълимии томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ 30 фоиз ва дигар кормандони мақомоти давлатӣ, аз ҷумла соҳаи маориф, фарҳанг, тандурустӣ, варзиш ва мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ба андозаи 20 фоиз зиёд карда мешаванд. Боиси ифтихор ва қаноатмандист, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илму маориф таваҷҷӯҳи доимӣ дошта, барои пойдории сулҳу ваҳдат, амнияти мардуму сарзамин, давлатдории миллӣ ва ҷовидонагии Тоҷикистони азиз рушду инкишофи илму маорифро зарур меҳисобанд. Дар Паёми навбатиашон низ, Пешвои миллат қайд намуданд, ки Ҳукумати мамлакат ба соҳаи илму маориф аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Инчунин, Пешвои миллат дар Паёмашон қайд намуданд, ки дар се соли охир зиёда аз 1500 адад иншооти соҳаи маориф бунёд ва ба истифода дода шуданд. Ҳамзамон, бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва ниёз ба муассисаҳои таълимӣ масъулон вазифадор гардиданд, ки дар 5 соли оянда сохта ба истифода додани 800 адад муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 1000 адад муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин намоянд.
Бояд гуфт, ки дар 5 соли оянда, дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, ки 100 хонавода зиндагӣ мекунад, бунёди 1 адад муассисаи таҳсилоти томактабӣ сохта мешавад. Ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм супориш дода шуд, ки дар ин муддат, фарогирии 50 фоиз кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабиро таъмин намоянд. Ба ғайр аз ин Пешвои миллат дар Паёмашон ба масъулон дастур доданд, ки вобаста ба рушди фанҳои технологӣ зарурати аз нав таҳия намудани барномаву нақшаҳо ва стандартҳои таълимӣ ба миён омадааст. Инчунин, барои ба таври васеъ ва самаранок ба роҳ мондани омузиши забонҳои хориҷӣ зиёд намудани воњидњои кории омӯзгорони ин фанҳо лозим аст. Хело фараҳбахш аст, ки сарвари давлат зимни Паёми навбатиашон ба таълиму тарбияи насли наврас, соҳиби касб ва илму дониш гардидани ҷавонону наврасон, эҳтироми волидайн хусусан модарону бонувон, сидқан дӯст доштани ҳамватанон ва барои ноил гардидан ба зиндагии шоста дахл намуданд. Аз ҷумла қайд гардид, ки мардуми Тоҷикистон ҳуқуқи зиндагии шоистаро дорад.
Мо кормандони раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон низ беш аз пеш кушиш менамоем, ки Паёми роҳнамунсози Пешвои миллатро сармашқи кори худ қарор дода, барои ба даст овардани вазифаҳои гузошташуда аз тамоми имкониятҳо истифода намоем.
Сардори раёсати Агентии назорати маориф
ва илм дар вилояти Хатлон - Аззизода Бахриддин
Муфассал...

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35