
Агентӣ

- Шанбе, 15 Март 2025
Марҳилаи нави рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қирғизистон
Марҳилаи нави рушди муносибатҳои дуҷонибаи
Тоҷикистон ва Қирғизистон
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозӣ ва таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамҷаворӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон нақши калидӣ дошта, ҷиҳати рушди тамоми ҷанбаҳои ҳаётан муҳим саҳми арзишманд доранд.
Бояд ёдовар шуд, ки ҳанӯз 14 январи соли 1993 муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон барқарор гардида, дар марҳилаи аввали ҳамкориҳо ҷиҳати тақвият бахшидани муносибатҳо ва робитаҳои дуҷониба зарурият ба миён омад, ки пояи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон таҳким бахшида шаванд. Дар ин замина беш аз 100 санад ба тасвиб расонида шуда буданд.
Санадҳои асосие, ки самтҳои аслии ҳамкориро ба танзим медароранд ва дар он принсипҳои асосии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон муайян шудаанд: Аҳднома оид ба муносибатҳои асосии байнидавлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон аз 12 июли соли 1996 ва Аҳднома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба муносибатҳои накӯҳамсоягӣ ва ҳамшарикӣ аз 26 майи соли 2004 мебошанд.
Дар паи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Қирғизистон бо азму иродаи қавӣ, сиёсати хирадмандона ва инсонпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров бар пайвандҳои бисёрсолаи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ ба равобити Тоҷикистону Қирғизистон такони ҷиддӣ дода шуд.
Дар марҳилаи нави рушди муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон 16 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки дар идомаи ҳамкориҳои дӯстию бародарӣ миёни тоҷикону қирғизон саҳифаи наверо боз намуд.
Яке аз санадҳои муҳими муносибатҳои ҳасана ин Изҳороти муштарак оид ба таҳкими минбаъдаи риштаҳои дӯстӣ ва накуҳамсоягӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон мебошад.
Тибқи банди 10 Изҳороти мазкур сарони давлатҳо ба ҳифзи асолати этникӣ ва забонии халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои тоҷикони этникии дар ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон истиқоматкунанда ва қирғизҳои этникии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунанда, фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва марказҳои фарҳангии миллӣ дар заминаи ҳифз ва рушди забони модарӣ, фарҳанги миллӣ, анъана ва расму оинҳои онҳо мусоидат мекунанд.
Инчунин, тибқи банди 11 санади мазкур сарони давлатҳо зарурати тавсеаи мунтазами ҳамкориро дар соҳаи гуманитарӣ таъкид мекунанд. Дар ин самт робитаҳо дар соҳаҳои фарҳангу маориф, илм, варзиш, сайёҳӣ ва тандурустӣ таҳким ёфта, табодули ҳайатҳо тавассути воситаҳои ахбори омма, ташкилотҳои илмию таҳлилӣ, ҷамъиятҳои дӯстӣ, дастаҳои ҳунарӣ ва театрӣ таҳким хоҳанд ёфт.
Яке аз ноҳияҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он бештар миллати қирғиз зиндагонӣ мекунад, ин ноҳияи Лахш маҳсуб меёбад. Зимнан, дар ин ноҳия аз тарафаи Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон барои мардуми қирғиз шароитҳои буду бош, кору фаъолият ва таҳсил фароҳам гардидааст.
Соҳаи маориф дар ноҳияи Лахш таи солҳои охир бо дастгириҳои пайваста ва сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушд намуда истодааст.
Айни замон дар ноҳияи Лахш 61 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ин 44 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 Литсей барои хонандагони болаёқат, 4 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 12 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ фаъолият менамоянд. Аз ин шумора дар 24 муассисаи таълимӣ таълиму тарбия бо забонҳои қирғизӣ ба роҳ монда шудааст.
Инчунин, дар муассисаҳои таълимии ноҳия 803 синф аз ин дар 686 синф, ки шумораи хонандагонашон 10511 нафар мебошад, таълим бо забони давлатӣ ва дар 117 синф таълим бо забони қирғизӣ ба роҳ монда шудааст, ки шумораи хонандагонаш 2070 нафар мебошад. Бояд тазаккур кард, ки дар муассисаҳои таълимии ноҳия 5552 нафар хонандаи қирғизтабор таҳсил намуда истодааст.
Ҳамзамон, 76 нафар омӯзгор, ки хатмкунандагони донишгоҳҳои Ҷумҳурии Қирғизистон мебошанд, дар 24 муассисаи таълимӣ бо забони қирғизӣ таълиму тарбия дода истодааст.
Бо кушодашавии марзҳо боз ҳам робитаҳои дӯстию бародарӣ миёни ин мардумони кишварҳои ҳамсоя густариш ёфта, шаҳрвандон озодона дар донишгоҳҳои ду кишвар таҳсили илм намуда, ба манфиати ҳамдигар хизмат намуда, дар рушди маориф саҳмгузор мегарданд.
Баҳронзода Қудратулло - сардори шуъбаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар минтақаи Рашт

- Шанбе, 15 Март 2025
Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо, Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо,
Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо,
Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо,
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Қирғизистон қадам ба сӯи дӯстӣ ва ҳамсоядории нек
12 марти соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон ташриф оварданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Бишкек Сарвари давлатро Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров бо самимияти хоса, эҳтироми баланд ва дар сатҳи олӣ истиқбол гирифтанд.
Дар ҷараёни ин сафар, масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва рушди муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пшевои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон санадҳои муҳим, аз ҷумла Шартнома дар бораи сарҳади давлатӣ, ки ба он таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуд, ба имзо расид. Ин санади таърихӣ қадами муҳим дар роҳи таҳкими субот ва амният дар минтақа ба ҳисоб меравад.
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон бори дигар собит сохт, ки ду абармарди сиёсӣ - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров, роҳбарони ду кишвари ба ҳам дӯст, бародар ва ҳамсоя тавонистанд ҳалли масъалаҳои мавҷударо бо роҳи дипломатӣ пайдо намуда, заминаи мустаҳками дӯстӣ ва ҳамкорӣ барои ояндаи ҳарду кишвар шароит фароҳам оваранд.
Кушодашавии гузаргоҳҳои байнидавлатӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки ду ҳамсояи нек бо боварии комил рафтуо намуда, дар ғаму шодии якдигар шарик бошанд.
Бояд қайд намуд, ки ин иқдом ба манфиати ҳар ду миллат равона буда, барои таҳкими субот ва рушду шукуфоии минтақа аҳамияти бузург дорад.
Дар воқеъ, дӯстии ин ду халқ аз қадим на танҳо дар анъанаву суннатҳо ифода меёфт, балки дар робитаҳои фарҳангию адабӣ, маориф ва илм, тандурустӣ, иқтисодиёт ва дигар самтҳои ҳаёти ҷамъиятӣ аз манфиат холӣ нест.
Итминон бояд кард, ки ба шарофати сафари давлатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон, ин дӯстӣ боз ҳам рушд карда, пару боли тоза мегирад ва пайғоми меҳру муҳаббат ва рафоқату бародарии ин халқҳоро чун кабӯтарони сулҳ ба дуриҳои дур бурда, номи ҳар ду халқро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам машҳур мегардонанд.
Сардори раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар вилояти Хатлон
Все реакции:
11
- Шанбе, 15 Март 2025
Саодати зиндагии миллатҳо дар дӯстӣ, ваҳдат ва эҳтироми якдигар аст.
Саодати зиндагии миллатҳо дар дӯстӣ, ваҳдат ва эҳтироми якдигар аст.
Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.
Ҳақ ба ҷониби муаллифи мисраҳои боло Ҳофизи Шерозӣ аст.
Дубора барқарор гардидани муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Қирғизистон руҳияи тамоми мардуми осоиштаи ин ду кишвари аз қадим бо ҳам дӯсту ҳамсояро шоду болида гардонид. Пеш аз ҳама месазад дар ин ҷода ташаббусҳои созандаи роҳбарони соҳибхиради ҳар ду кишварро арҷгузорӣ кард.
Пешвои миллати тоҷикон, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ҷаҳониён собит намуд, ки мардуми тамаддунофари тоҷик аз қадимулайём мардуми сулҳҷӯй ва сулҳофаранд.
То ба имзо расонидани ин санаи муҳими таърихӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон якчанд сафари расмӣ доштанд. Аз ҷумла, соли 1998 Президенти маҳбуби мо бо сафари расмӣ ба Қирғизистон ташриф оварда, бо Президенти ҳамонвақтаи Ҷумҳурии Қирғизистон Аскар Акаев вохӯрии судманд доир намуда буд. Соли 2007 бошад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ду маротиба ба Бишкек сафар намуда, моҳи август дар саммити аъзои давлатҳои ШОС иштирок намуд ва моҳи сентябри ҳамон сол бо сафари расмӣ дар фурудгоҳи Манас роҳбари давлати тоҷиконро котиби давлатӣ Адахан Мадумаров ва вазири энергетика Игор Чудинов гарму ҷушон истиқбол гирифта, ҳамчунин, дар доираи вохӯриҳо гуфтушунидҳо бо Президенти Қирғизистон Курманбек Бакиев доир карда шуда буд. Ҳамчунин, моҳи сентябри соли 2016 Пешвои миллати тоҷикон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи ҷашнии Шурои аъзои давлатҳои ИДМ ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон сафар карда буд.
Зимни сафарҳои расмӣ ва корӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишвари ҳамсоя доимо дар бағал пайғоми сулҳ доштанд ва ҳамеша кӯшиш мекарданд, ки байни ин ду миллати аз азал дӯст, сулҳу дӯстӣ поянда бошад.
Бо вуҷуди ин, душманони беруна тавонистанд, ки дар муносибати аз азал гарми ин ду миллат тухми кинаву адоват коранд ва то андозае муваффақ ҳам шуданд, ки байни ду бародари дӯсту ҳамсоя дар сарҳади давлатӣ муносибатҳо сард гардад. Лекин хурсандии душманони ин ду миллати бо ҳам дӯст, ҳамсоя ва бародар дер давом накарда, хиради азалии ин миллатҳо боло гирифта, сари мизи гуфтушунид бо ҳам омада, натиҷаи ин гуфтушунидҳо имрӯз самараи неки таърихӣ ба бор оварда, дар лабони мардуми ин кишварҳо дубора табассум дамид.
Чи хеле ки дар боло зикр гардид, имрӯз яъне 13 марти соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров дар маросими маҷозии бозкушоии ду гузаргоҳ дар сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон иштирок намуданд. Ин чорабинии муҳими таърихӣ бо иштироки роҳбарият ва сокинони вилоятҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шуд.
Дар як фазои идона мардуми ду кишвари бо ҳам дӯсту ҳамсоя дубора дарҳои бастаро ба рӯйи якдигар боз карда, риштаҳои деринаи дӯстию ҳамсоядориро мустаҳкам намуда, роҳи навро ба сӯйи ҳамкориҳои нав васеъ кушоданд.
Дар ин чорабинӣ ҳамчунин, роҳбарони вилоятҳои ҳаммарз пас аз кушода шудани гузаргоҳҳо ба хаймаҳои идонаи ду тараф ташриф оварда, бо мардум суҳбатҳо анҷом дода, дар барномаи муштараки фарҳангӣ иштирок намуданд.
Аз чеҳраи мардум бараъло ҳувайдо буд, ки мардуми ин ду кишвари ҳамсоя ташнаи сулҳу осоиштагӣ ҳастанд.
Таъмин кардани сулҳу оромӣ, дӯстии байни миллатҳои бо ҳам дӯсту ҳамсоя дар рӯйи замин файзу баракатро афзун менамояд.
Хушбахтона ва шукргузорӣ аз неъмати арзишмандтарин - Истиқлоли пояндаи кишвари маҳбубамон, дар Тоҷикистони азизи мо ғояи Ваҳдати миллӣ ба ҳайси як омили созандаю таҳкимбахши мардуми кишвар табдил ёфтааст. Халқи тамаддунофар ва шарифи тоҷик таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки на танҳо дар дохили кишвар, балкӣ дар тамоми давлатҳои кураи Замин низ сулҳу дӯстӣ барқарор бошаду кабутари сулҳ дар фазои софу беғубор парафшонӣ кунад.
Мардуми сулҳпарвари тоҷик ба тамоми мардуми сайёра паёми сулҳ мефиристад. Чуноне ки Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода фармудааст:
Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.
Поянда бод, дӯстии миллати тоҷик ва қирғиз!
Тағдиров Тағдиршо - сардори шуъбаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар митақаи Ҳисор