Хабарҳо

- Душанбе, 24 Феврал 2025
СУРАТГУЗОРИШАЗ РАФТИ БАРГУЗОРИИ ШАНБЕГӢ





- Душанбе, 24 Феврал 2025
КОНФРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ «АРТИШИ МИЛЛӢ - СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ВАТАН»
КОНФРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ «АРТИШИ МИЛЛӢ - СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ВАТАН»






- Якшанбе, 02 Феврал 2025
Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои маъмурии хизмати давлатии холии зерин озмун эълон менамояд:
Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои маъмурии
хизмати давлатии холии зерин озмун эълон менамояд:
Дастгоҳи марказӣ
1.Мудири бахши муносибатҳои байналмилалӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2560,25 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ;
2.Мутахассиси бахши назорат, коргузорӣ ва корҳои махсус – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1890,80 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
1.Мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1398,10 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар вилояти Суғд
1.Сардори раёсат – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 4002,35 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
2.Сармутахассис – 2 ҷой, маоши мансабӣ – 1995,20 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
3.Мутахассис – 2 ҷой, маоши мансабӣ – 1345,60 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар вилояти Хатлон
1.Мутахассиси пешбар – 3 ҷой, маоши мансабӣ – 1635,60 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ;
2.Мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1345,60 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар шаҳри Душанбе
1.Сармутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1995,20 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ;
Шуъбаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар минтақаи Ҳисор
1.Мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1276,00 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
Шуъбаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар минтақаи Рашт
1.Мутахассиси пешбар – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1484,80 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
2.Мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1218 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
Талаботи тахассусӣ барои ишғолкунандагони мансаби сардори раёсат:
–таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси равияи омӯзгорӣ, илмҳои табиӣ, риёзӣ, дақиқ ва гуманитарӣ;
– 8 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 7 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол обиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи дуюм;
– донишҳои касбӣ, қобилият ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, ташкилотчигӣ, ташаббускорӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;
– одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрванд ва ҳамкорон;
– малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ.
Талаботи тахассусӣ барои ишғолкунандагони мансаби мудири бахш:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси равияи омӯзгорӣ, илмҳои табиӣ, риёзӣ, дақиқ ва гуманитарӣ;
– 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ;
– донишҳои касбӣ, қобилият ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, ташкилотчигӣ, ташаббускорӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;
– одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрванд ва ҳамкорон;
– малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ.
Талаботи тахассусӣ барои ишғолкунандагони мансаби сармутахассис:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси равияи омӯзгорӣ, илмҳои табиӣ, риёзӣ, дақиқ ва гуманитарӣ;
– 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ;
– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;
– одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрванд ва ҳамкорон;
– малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ.
Талаботи тахассусӣ барои ишғолкунандагони мансаби мутахассиси пешбар:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси равияи омӯзгорӣ, илмҳои табиӣ, риёзӣ, дақиқ ва гуманитарӣ;
– 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;
– одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрванд ва ҳамкорон;
– малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ.
Талаботи тахассуси барои ишғолкунандагони мансаби мутахассис:
– таҳсилоти олӣ, олии нопурра ё миёнаи касбӣ, ихтисоси равияи омӯзгорӣ, илмҳои табиӣ, риёзӣ, дақиқ ва гуманитарӣ;
– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;
– одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрванд ва ҳамкорон;
– малакаи хуби муошират;
– малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ.
Барои иштирок дар озмун
ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
– ариза ба унвони роҳбари мақомот;
– варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;
– тарҷумаи ҳол;
– нусхаи шиноснома;
– нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
– маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ, шакли 038УЕ;
– нусхаи гувоҳнома дар бораи додани рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);
– маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкӣ;
– маълумотнома оид ба доғи судӣ;
– нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
– нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа (СИН);
–нусхаи маълумотнома дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ;
– нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
– 2 дона акси андозаи 4х6 ва 2 дона акси андозаи 3х4;
– маълумотнома (справка-объективка) бо акси ранга.
Нишонии қабули ҳуҷҷатҳо
Дастурамали мансабии мутахассиси шуъбаи умуми ва коргузории Агентӣ
Дастурамали мансаби мудири бахши муносибатҳои Агентӣ
Муфассал...
- Якшанбе, 02 Феврал 2025
МУЛОҚОТОИ КОРМАНДОНИ АГЕНТИИ НАЗОРАТ ДАР СОҲАИ МАОРИФ ВА ИЛМИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО НАМОЯНДАГОНИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАВЗӮИ: «КОРРУПСИЯ-ПАДИДАИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА»
МУЛОҚОТОИ КОРМАНДОНИ АГЕНТИИ НАЗОРАТ ДАР СОҲАИ МАОРИФ ВА ИЛМИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО НАМОЯНДАГОНИ
АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАВЗӮИ: «КОРРУПСИЯ-ПАДИДАИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА»
Рӯзи 30 январи соли 2025 дар толори Муассисаи таълимии хусусии Ҳоризон дар шаҳри Душанбе мулоқоти кормандони Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки директори Агении назорат дар соҳаи маориф ва илм – Саидзода Муҳаммадтоҳир Саид, муовинони директори Агентӣ, сардори раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Муқимӣ Нигора Аминзода, сарнозири раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Раҳмонзода Фаромарз, сардорони раёсату шуъба, бахшҳо ва кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои минтақавии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Мулоқоти мазкурро директори Агентӣ ифтитоҳ намуда, бо садо додани суруди миллӣ ба кори мулоқот оғоз бахшид.
Саидзода Муҳаммадтоҳир зимни суханронии худ мулоқоти мазкурро судманд ва саривақтӣ арзёби намуда, дар пешгирӣ ва коҳиш додани ҳолат ва хафҳои коррупсия унвон намуд.
Иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои устувори худро дар самти мубориза бо коррупсия гузошта, барои пешгирӣ аз ин вабои аср тамоми заминаҳои ташкилию ҳуқуқиро фароҳам овардааст. Бо мақсади мустаҳакам намудани сиёсати зиддикоррупсионӣ ва таҳкими асосҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии мубориза бо коррупсия санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор қабул ва мавриди амал қарор дода шудааст.
Қайд намуд, ки коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам оварда дар маҷмӯъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад.
Коррупсияро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамҷун ҷинояте мешуморанд, ки он натанҳо обруву эътибори давлатро дар арсаи байналмилалӣ заиф мегардонад, балки ба сулҳу субот ва истиқлолияти комили давлатҳо таҳдиду хатари бевосита мерасонад.
Мубориза бо коррупсия ҳамҷун самти афзалиятноки сиёсати давлат, ба ташаккули заминаҳои ҳуқуқиву сохторӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт оғоз намуд, ки ба тавсиб расидани як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ «Дар бораи татбирҳои иловагӣ оид ба пурзур намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия» яке аз тадбирҳои асосии ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ дар кишвари мо ба ҳисоб меравад.
Мубориза ва муқовимат бо фасод ё худ коррупсия амалӣ дастаҷамъона буда, набояд онро ба зиммаи танҳо мақоми ваколатдори давлатӣ вогузор намуд, балки дар мубориза бурдан ба ин вабои аср тамоми мақомоти давлатӣ воситаҳои ахбори омма ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ фаъолона иштирок намоянд.
Сардори раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Муқимӣ Нигора Аминзода вобаста ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ дар соҳаи маориф ибрози андеша намуданд.
Коррупсия дар шароити муосир аз мушкилоти дохилӣ ва ба проблемаи байналмилалӣ мубадал гардидааст. Ин зуҳуроти номатлуб дар таҳқиқи худ нишон дод, ки решаҳои амиқи таърихӣ дорад ва баробари ташаккулёбии давлатҳо ба вуҷуд омада, зуҳур намудааст.
Соҳаи маориф ва илмро яке аз бахшҳои бузургтарини давлат унвон намуда, андеша намуд, ки реша давонидани ин вабо дар соҳа ба паст гардидани сифати дониш ва ба нестӣ бурдани давлату миллат оварда мерасонад.
Сардори раёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва таълими калонсолн – Сафарзода Сафармад ва сардори раёсати назорати давлатии илм ва инноватсия, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ – Ализода Довуд вобаста ба нақши Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар мубориза ба ин зуҳуроти номатлуб ва нақши мулоқоти мазкур дар коҳиш додани вабо ибрози андеша намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот кормандони Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм ва намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуда, баҳри пешгирии ин падидаи номатлуби замон ва паст кардани шиддати коррупсия аз нигоҳи худ таклифҳои мушаххас пешниҳод намуданд.