Хабарҳо

- Шанбе, 01 Октябр 2022
Ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентӣ дар моҳи сентябри соли 2022
Ҷаласаи Ҳайати мушовараи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати директори Агентӣ - Субҳонзода Икром Субҳон баргузор гардид, ки дар он аъзои ҳайати мушовара ва сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва минтақавӣ иштирок доштанд.
Муфассал...

- Сешанбе, 20 Сентябр 2022
Амали ҷангии тарҳрезишудаи Ҷумҳурии Қирғизистон
Дар робита ба ин ман амали ғаризона ва душманонаи қирғизро, ки рузри 16.09.2022 ба хоки ватани азизамон ҳамлаи ҷангии анҷом доданд ва хуни чандин кӯдаку модар, падару бародарр рехтанд, амали терористи хонда, ин амали хоинони миллатро махкум менамоям.
Ҳар як амали пешгирифтаи ҷангҷуена ба муносибати ояндаи ду миллат таъсири манфи расонида, муносибатҳои дипломатиро хароб сохта, қонунҳо ва шартномаҳои байналмилалиро вайро месозад.
Муфассал...
- Панҷшанбе, 08 Сентябр 2022
Табрикоти директори Агентӣ
Табрикоти директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Субҳонзода Икром Субҳон бахшида ба ҷашни 31 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамватанони азиз!
Бо камоли эҳтиром ва самимияти хоса бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик 31-умин солгарди соҳибистиқлолии Тоҷикистонро ба халқи ватандӯсти кишвар муборакбод мегӯем. Истиқлолияти давлатӣ волотарин дастовард, ва падидаи сиёсӣ ба шумор рафта, маҳз бо ташаббус ва ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мардуми тоҷик пас аз ҳазор сол аз нав соҳиби давлати мустақил, ягона, демократӣ, ҳуқуқбунёд гардида, ормонҳои миллии халқи тоҷик амалӣ ва манфиатҳои миллӣ ҳифз гардиданд.
Муфассал...

- Панҷшанбе, 08 Сентябр 2022
Таҷлили 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентӣ
Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сазавор пешвоз гирифтани ҷашни 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Субҳонзода Икром – директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Содиқӣ Насиба – раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хонзода Абдураҳмон – роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Мирзозода Иброҳим - раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, кормандони дастгоҳи марказӣ ва минтақавии Агентӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Муфассал...
Дар бораи мо
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126
E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35
Раёсатҳо
- Раёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва иловагӣ
- Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
- Раёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва таълими калонсолон
- Раёсати назорати давлатии илм, инноватсия, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ