Таҷлили Рӯзи Парчами миллии Ҷумҷурии Тоҷикистон дар бинои Агентӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҷурии Тоҷикистон оғоз гардид. Дар рафти ҷаласаи мазкур дар бораи таърихи тасдиқи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусиятҳои парчами миллӣ, гиромидошти Парчами миллӣ, Парчами миллӣ яке аз муқаддасоти миллӣ ва парафшонии Парчами миллӣ дар фазои сулҳу суботи ватани азизамон маърузаҳо аз ҷониби баромадкунандагон ироа карда шуд.
Таҷлили Рӯзи Парчам миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентӣ
- Панҷшанбе, Ноя 24 2022
- Агентӣ
Дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сазавор ҷашн гирифтани Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Субҳонзода Икром – директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки Мирзозода Иброҳим- раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Матлабҳои дигар аз Агентӣ
- Вохурии судманд бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои маъмурии хизмати давлатии холии зерин озмун эълон менамояд:
- Дӯстии халқҳои тоҷику қирғиз поянда бод!
- Марҳилаи нави рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қирғизистон
- Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо, Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо,