
Агентӣ

- Шанбе, 03 Май 2025
Вохурии судманд бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вохурии судманд бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи 30 апрели соли 2025 тибқи нақшаи кории Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳоди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.03.2025, №11-919 дар бораи пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳое, ки ба содир намудани ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайрокуниҳои хусусияти коррупсионидошта мусоидат менамояд, ҷаласаи васеъи кормандони Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд, ки дар он роҳбарияти Агентӣ - Саидзода Муҳамадтоир Саид ва намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон-летинанти калони адлия Сайфиддинзода Нуриддин Сайфиддин ва майори адлия Шамсиддинзода Насим Шамсиддин иштирок ва суханронӣ намуданд.
- Чоршанбе, 30 Апрел 2025
Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои маъмурии хизмати давлатии холии зерин озмун эълон менамояд:
Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои ишғоли мансабҳои маъмурии хизмати давлатии холии зерин озмун эълон менамояд:
Дастгоҳи марказӣ
1.Мутахассиси пешбари бахши муносибатҳои байналмилалӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1890,80 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ;
2.Мутахассиси бахши назорат, коргузорӣ ва корҳои махсус – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
1.Мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1398,10 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар вилояти Суғд
1.Сардори раёсат – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 4002,35 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
2.Сармутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1995,20 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
3.Мутахассиси пешбар – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1635,60 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
4.Мутахассис – 2 ҷой, маоши мансабӣ – 1345,60 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар вилояти Хатлон
1.Мутахассиси пешбар – 3 ҷой, маоши мансабӣ – 1635,60 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ;
2.Мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1345,60 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
Шуъбаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар минтақаи Ҳисор
1.Мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1276,00 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
Шуъбаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар минтақаи Рашт
1.Мутахассиси пешбар – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1484,80 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
2.Мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1218 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
Талаботи тахассусӣ барои ишғолкунандагони мансаби сардори раёсат:
–таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси равияи омӯзгорӣ, илмҳои табиӣ, риёзӣ, дақиқ ва гуманитарӣ;
– 8 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 7 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол обиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи дуюм;
– донишҳои касбӣ, қобилият ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, ташкилотчигӣ, ташаббускорӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;
– одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрванд ва ҳамкорон;
– малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ.
Талаботи тахассусӣ барои ишғолкунандагони мансаби сармутахассис:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси равияи омӯзгорӣ, илмҳои табиӣ, риёзӣ, дақиқ ва гуманитарӣ;
– 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ;
– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;
– одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрванд ва ҳамкорон;
– малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ.
Талаботи тахассусӣ барои ишғолкунандагони мансаби мутахассиси пешбар:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси равияи омӯзгорӣ, илмҳои табиӣ, риёзӣ, дақиқ ва гуманитарӣ;
– 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;
– одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрванд ва ҳамкорон;
– малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ.
Талаботи тахассуси барои ишғолкунандагони мансаби мутахассис:
– таҳсилоти олӣ, олии нопурра ё миёнаи касбӣ, ихтисоси равияи омӯзгорӣ, илмҳои табиӣ, риёзӣ, дақиқ ва гуманитарӣ;
– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;
– одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрванд ва ҳамкорон;
– малакаи хуби муошират;
– малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ.
Барои иштирок дар озмун
ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
– ариза ба унвони роҳбари мақомот;
– варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;
– тарҷумаи ҳол;
– нусхаи шиноснома;
– нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
– маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ, шакли 038УЕ;
– нусхаи гувоҳнома дар бораи додани рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);
– маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкӣ;
– маълумотнома оид ба доғи судӣ;
– нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
– нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа (СИН);
–нусхаи маълумотнома дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ;
– нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
– 2 дона акси андозаи 4х6 ва 2 дона акси андозаи 3х4;
– маълумотнома (справка-объективка) бо акси ранга.
Нишонии қабули ҳуҷҷатҳо
Шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Садриддин Айнӣ 126, шуъбаи кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ, эътироф ва баробарарзишии ҳуҷҷатҳои таҳсилот дар давлатҳои хориҷӣ (Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе, ошёнаи 3), телефон 225-83-28, 225-83-32.
Муҳлати охирини қабули ҳуҷҷатҳо баъд аз 21 рӯзи нашри озмун дар бораи гузаронидани озмун.
Муфассал...
- Шанбе, 15 Март 2025