Ташрифи кормандон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон
- Шанбе, Мар 19 2022
- Агентӣ
Санаи 16.03.2022 роҳбарият, кормандони раёсату шуъбаҳо дар остонаи таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар Осорхонаи миллии кишвар аз намоиши “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” дидан намуданд.
Ҳайати намояндагони Агенти дар шуъбаи таърихи бостон ва асрҳои миёна, ки яке аз шуъбаҳои калонтарин дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар он таърихи инсоният аз замони ҷомеаи ибтидоӣ то ибтидои асри ХХ бо маводи гуногуни арзишманд инъикос ёфтааст, сайри таърихӣ карданд.
Инчунин, онҳо дар толорҳои намоишии шуъбаи таърихи нав ва навтарин бо ёдгориҳо ва нигораҳо доир ба комёбиҳою дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраҳои гуногун шинос шуданд.







Матлабҳои дигар аз Агентӣ
- Вохурии судманд бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои маъмурии хизмати давлатии холии зерин озмун эълон менамояд:
- Дӯстии халқҳои тоҷику қирғиз поянда бод!
- Марҳилаи нави рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қирғизистон
- Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо, Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо,