Шодбошӣ ва муборакбодӣ!
- Панҷшанбе, Авг 31 2023
- Агентӣ
Имрӯз аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супорида шуд.
Сардори раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Маҳммадзода Тоҷиниссо бо медали хизмати шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.
Ҳайати кормандони Агентӣ аз дастовард ва муваффакияти муаллимаи гиромӣ, шахсияти некисришту донишманд, ҳалиму кордон, поктинату бомаърифат ифтихорманд буда, ба муаллимаи гиромӣ саломатию саодатмандии рӯзгор ва куллаҳои баланди муродро орзумандем.
Муаллимаи гиромӣ арзандаи ҳама мукофотҳои давлатию касбӣ ҳастанд, муборак бошад, муаллимаи гиромӣ.



Матлабҳои дигар аз Агентӣ
- Дастурмали мансабии мутахассиси раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Саволҳои озмуни ишғоли мансабҳои холи маъмурии хизмати давлатӣ дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои маъмурии хизмати давлатии холии зерин озмун эълон менамояд:
- Истиқлоли давлатӣ ганҷи бебаҳо ва бузургтарин дастоварди таърихӣ
- ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ЭКСПОЗИТСИЯИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ
Тоҷикӣ
Русский
English
